Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 7 июн бо сардори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сафир Марсел Пешко дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳошияи ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонии САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба рӯзномаи Нишасти 10-уми Гурӯҳи мақсадноки Тоҷикистону САҲА, ки 8 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, табодули назар карданд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Душанбе
вохӯрии ҳамасолаи
Гурӯҳи мақсаднок дар мавзӯи «Нақши САҲА дар Тоҷикистон» доир мегардад. Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА, Дафтари САҲА дар ҶТ ва ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шакли мизи гирд баргузор мешавад.





