Тоҷикистон Бангладешро дар бозии ҷавобӣ ҳам мағлуб кард



Дар бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни тими Бангладеш ва мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 7 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Дакка доир гардид, футболбозони тоҷик ин дафъа низ ҳарифи худро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб карданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон

анҷом ёфта буд

.

Дар дақиқаи 6-уми бозӣ тӯби ягонаро ба дарвозаи соҳибони майдон аз зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи 20 метр футболбози тоҷик Аҳтам Назаров ба ҳадаф расонид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби умумии 6 бар 0 бар дастаи Бангладеш дастболо шуда, барои иштирок дар даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз мегардад, ҳуқуқ пайдо намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ду бозии ин даври плей-офф  дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа ва  Яман низ ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки 5 дастаи дар даври бозиҳои плей-офф ба нокомӣ дучоршуда, барои ба даст овардани роҳхат якҷоя бо тими мунтахаби Бутан 6 сентябр ва 11 октябр дар се ҷуфти бозиҳои плей-офф-1 ширкат меварзанд ва ғолибонашон ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  соли оянда дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.

Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное