Ҷоизаи пианисти ҷавони тоҷик дар фестивали байнулмилалӣ

Аз 19 то 22 майи соли 2016 дар шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелияи Русия таҳти унвони «Ҷаҳон ва мусиқӣ. Россия ва Полша» фестивал-озмуни байналмилалии пианистони ҷавон, баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар фестивали мазкур хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ» Набиева Зарнисор ширкат варзида, […]

ASIA-Plus



Аз 19 то 22 майи соли 2016 дар шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелияи Русия таҳти унвони «Ҷаҳон ва мусиқӣ. Россия ва Полша» фестивал-озмуни байналмилалии пианистони ҷавон, баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар фестивали мазкур хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ» Набиева Зарнисор ширкат варзида, бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Гуфта мешавад, Зарнисор Набиева бо ҳамроҳии омӯзгори сози фортепиано Ванда Макиевская сафар карда буд. Дар консерт ҳайати ҳакамон аз кишварҳои Белорус, Полша, Эстония ва Россия интихоб шуда буданд.

Зимнан зикр мегардад, ки асарҳои иҷрогардидаи намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Набиева аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ хуш пазируфта шуда, сазовори баҳои баланд гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.