Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои даври нуҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо «Ҳосилот»-и Фархор мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта, душанбегиҳо маротибаи дуюм аст, ки вохӯриро мусовӣ анҷом дода, имтиёзҳоро аз даст медиҳанд.
Гуфта мешавад, се бозии дигар бо пирӯзии соҳибони майдон анҷом ёфтааст: «Вахш « (Қӯрғонтеппа) – «Регар-ТадАЗ» (ш.Турсунзода) – 2:1; КМВА «Помир» (Душанбе) – «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) – 3:0 ва «Барқчӣ (Душанбе) – «Хайр» (ш.Ваҳдат) – 2:1. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд.
Зимнан зикр мегардад, ки бозиҳои мавқуфмондаи даври 8-ум рӯзҳои 18-19 июн баргузор гардида, бо ҳамин даври аввали мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон (9 бозӣ) ба охир мерасад. Дар ин давр чунин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд: «Парвоз» – «Вахш»; «Регар- ТадАЗ» – «Равшан»; «Истиқлол» – КМВА «Помир»; «Хуҷанд» – «Барқчӣ» ва «Хайр» – «Ҳосилот».
Пас аз 8 давр ҷадвали мусобиқа тариқи зайл аст:
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
1 |
«Истиқлол» |
8 |
6 |
2 |
0 |
27-10 |
20 |
|
2 |
«Ҳосилот» |
8 |
4 |
3 |
1 |
12-8 |
15 |
|
3 |
КМВА «Помир» |
8 |
4 |
1 |
3 |
11-7 |
13 |
|
4 |
«Вахш» |
8 |
4 |
1 |
3 |
15-15 |
13 |
|
5 |
«Барқчӣ» |
8 |
4 |
1 |
3 |
12-12 |
13 |
|
6 |
«Хуҷанд» |
8 |
4 |
0 |
4 |
8-14 |
12 |
|
7 |
«Хайр» |
8 |
3 |
3 |
2 |
13-6 |
12 |
|
8 |
«Регар-ТадАЗ» |
8 |
3 |
1 |
4 |
12-11 |
10 |
|
9 |
«Парвоз» |
8 |
1 |
1 |
6 |
7-17 |
4 |
|
10 |
«Равшан» |
8 |
0 |
1 |
7 |
8-25 |
1 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 7 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»)– 5 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ
.



