«Истиқлол» бори навбатӣ имтиёзҳоро аз даст дод

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои даври нуҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо «Ҳосилот»-и Фархор мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта, душанбегиҳо маротибаи дуюм аст, ки вохӯриро мусовӣ анҷом дода, имтиёзҳоро аз даст медиҳанд. Гуфта мешавад, се […]



Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои даври нуҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо «Ҳосилот»-и Фархор мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта, душанбегиҳо маротибаи дуюм аст, ки вохӯриро мусовӣ анҷом дода, имтиёзҳоро аз даст медиҳанд.

Гуфта мешавад, се бозии дигар бо пирӯзии соҳибони майдон анҷом ёфтааст: «Вахш « (Қӯрғонтеппа) – «Регар-ТадАЗ» (ш.Турсунзода) – 2:1; КМВА «Помир» (Душанбе) – «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) – 3:0 ва «Барқчӣ (Душанбе) – «Хайр» (ш.Ваҳдат) – 2:1. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул карда,  бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд.

Зимнан зикр мегардад, ки бозиҳои мавқуфмондаи даври 8-ум рӯзҳои 18-19 июн баргузор гардида, бо ҳамин даври аввали мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон (9 бозӣ) ба охир мерасад. Дар ин давр чунин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд: «Парвоз» – «Вахш»; «Регар- ТадАЗ» – «Равшан»; «Истиқлол» – КМВА «Помир»; «Хуҷанд» – «Барқчӣ» ва «Хайр» – «Ҳосилот».

Пас аз 8 давр ҷадвали мусобиқа тариқи зайл аст:

 

 


Б


Ғ


М


Б


Т


Х

1

«Истиқлол»

8

6

2

0

27-10

20

2

«Ҳосилот»

8

4

3

1

12-8

15

3

КМВА «Помир»

8

4

1

3

11-7

13

4

«Вахш»

8

4

1

3

15-15

13

5

«Барқчӣ»

8

4

1

3

12-12

13

6

«Хуҷанд»

8

4

0

4

8-14

12

7

«Хайр»

8

3

3

2

13-6

12

8

«Регар-ТадАЗ»

8

3

1

4

12-11

10

9

«Парвоз»

8

1

1

6

7-17

4

10

«Равшан»

8

0

1

7

8-25

1

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 7 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»)– 5 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ

.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.