Тақвияти тадбирҳои амниятӣ зимни сафари президент ба ВМКБ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 19-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27 июн таҷлил мегардад, рӯзҳои 25-28 июн бо сафари корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боздид мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни ин сафар […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 19-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27 июн таҷлил мегардад, рӯзҳои 25-28 июн бо сафари корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни ин сафар сарвари давлати Тоҷикистон дар маросими баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок карда, ба сохтмони чандин  дигар иншоот дар ин вилоят ҳусни оғоз мебахшад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни сафар Пешвои миллат аз минтақаҳои аз заминларзаи моҳи декабри соли гузашта осебидаи вилоят боздид намуда, бо ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ аз наздик ошно мегардад. «Дар ҷараёни сафар дидору суҳбатҳои президент бо аҳолӣ ва фаъолони вилоят низ дар назар аст», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат чорабиниҳои марказӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ имсол дар шаҳри Хоруғ доир мегарданд. Моҳи январи соли равон ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин ҷашн дастурҳо дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари расида ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ба хотири таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ зимни сафари президент, ба ВМКБ нерӯҳои иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сафарбар мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.