Оғози амалиёти интиқоли пул дар «Тоҷиксодиротбонк»

Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи (ҶСК) “Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён як силсила чорабиниҳоро роҳандозӣ менамояд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, аз ҷумла, шурӯъ аз 9 июни соли ҷорӣ амалиётҳои интиқоли пули миллӣ дар шабакаи филиалҳои бонк роҳандозӣ гардидааст. Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд тавассути филиал ва марказҳои хизматрасонии Тоҷиксодиротбонк ба тамоми шаҳру ноҳияҳои […]



Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи (ҶСК) “Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён як силсила чорабиниҳоро роҳандозӣ менамояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, аз ҷумла, шурӯъ аз 9 июни соли ҷорӣ амалиётҳои интиқоли пули миллӣ дар шабакаи филиалҳои бонк роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд тавассути филиал ва марказҳои хизматрасонии Тоҷиксодиротбонк ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки воҳидҳои сохтории бонк мавҷуданд, интиқоли маблағро бо пули миллӣ – сомонӣ анҷом диҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон, дар бинои Сарбонк воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 47 низомҳои байналмилалии “Золотая Корона”, “Контакт”, “Юнистрим”, Western Union, Interexpress ва Caspian Money Transfer фаъол карда шудаанд ва ин ба мизоҷон имкон медиҳад, ки маблағҳои интиқолии худро аз хориҷи кишвар тавассути ин низомҳо дастрас намоянд.

Ёдрас мекунем, ки

аз 20 майи соли равон

пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки ахиран мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.

Қаблан 

иттилоъ дода будем

, ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда 

маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

Сарфи назар аз ба мушкилот дучор шудани яке аз бонкҳои низомсози кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» дар хизматгузорӣ ба мизоҷон аз оғози сол, эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон 

устувор арзёбӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.