Ҳисоботи навбатии вазорату идораҳо ба журналистон

Моҳи июл нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 гузориш хоҳанд дод. Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ин нишастҳои матбуотӣ санаи 11 июл оғоз гардида, то 5 август идома меёбанд. Рӯзи 11 […]

ASIA-Plus



Моҳи июл нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 гузориш хоҳанд дод.

Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ин нишастҳои матбуотӣ санаи 11 июл оғоз гардида, то 5 август идома меёбанд.

Рӯзи 11 июл нахуст нишастҳои хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ва Вазорати маориф ва илм доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.