Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст ва ҳамроҳони ӯ Юлле Муст, Маргус Солнсон мулоқот намуд.
Бино ба
иттилои
сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар мулоқот бештар ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Эстония — Рийгикогу таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Эстония имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳарду кишвар муҳокима гардида, ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва нақши транзитии Эстония, аз ҷумлаи бандарҳои обии он низ муҳим дониста шуд.
Роҳбари гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст низ дар навбати худ хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварашон бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуда ва илова намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония ба шаҳри Душанбе баррасии масъалаи тақвияти ин ҳамкориҳо ба шумор меравад.





