Дидору гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дидору гуфтушунид кард.


ИЗОБРАЖЕНИЕ


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун табодули афкор намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди манфиатбахши муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ҷумҳуриҳоро, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегиранд, дар сиёсати хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷонибҳо аз раванди таҳкими судовари робитаҳо, аз ҷумла болоравии ҳаҷми гардиши мол ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноат карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар мулоқот сарони давлатҳо инчунин мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун шарти суботи иҷтимоию сиёсии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар охири вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Узбекистон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, аз ӯ даъват ба амал овард, ки дар вақти мусоид ба Тоҷикистон ташриф орад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

spot_imgspot_img

Популярное