Оғози корҳои кӯчонидани театри Маяковский дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе корҳои кӯчонидани Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский оғоз гардид. Ин бино соли 1929 сохта шудааст. Аз маъмурияти театр ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки аллакай саҳна ва толор барои тамошобинони театр, ҳуҷраҳои ороишу омодагӣ ва ҳуҷраҳои кории кормандони маъмурӣ кӯчонида шуда, танҳо деворҳо боқӣ мондаанд. Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе корҳои кӯчонидани Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский оғоз гардид. Ин бино соли 1929 сохта шудааст.

Аз маъмурияти театр ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки аллакай саҳна ва толор барои тамошобинони театр, ҳуҷраҳои ороишу омодагӣ ва ҳуҷраҳои кории кормандони маъмурӣ кӯчонида шуда, танҳо деворҳо боқӣ мондаанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

тасмим гирифта буд

, ки театри ба номи Вл. Маяковский то аз таъмир бароварда шудани бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки ба ин бино кӯчонида мешавад, муваақатан дар бинои Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ фаъолият мекунад.

«Ба ҳар ҳол, кинотеатр театр нест, айни замон ба таъмири ҳуҷраҳои корӣ ва утоқҳои ороиш дастур дода шудааст, яъне то ки барои фаъолияти театр тамоми шароитҳо фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин оид ба омодасозии саҳна, ороишу лавҳаҳо ва ғайра низ корҳо идома доранд. Барои ҳамаи ин воситаҳои молиявӣ заруранд, аммо то ҳанӯз маблағи дақиқ барои ин корҳо номаълум аст. Ҳозир мо ба ҳамин кор машғулем», – иброз дошт Раҷабов ва илова намуд, ки минбаъд кӯчонидани театри ба номи А.Лоҳутӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе, бинои театри ба номи Вл. Маяковский дар маркази шаҳр, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад. Ин қарор миёни ҷомеа сарусадоҳои зиёд ба бор оварда, фаъолон бо дархости нигаҳдории ин бинои таърихӣ барои Тоҷикистон, ба ҳукумат ва президент муроҷиат намуданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар изҳороти худ 

дар ин робита далел овард

, ки ин бинои якошёна дорои танҳо 300 ҷой мебошад ва барои театри замонавӣ мувофиқ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷои нишаст аст, кӯчонида мешавад ва фаъолияташро идома мебахшад.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маълумот дар бораи арзиши бостониву меъморӣ доштани 15 иншоот дар шаҳри Душанберо 

рад кард

.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.