Дидору гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дидору гуфтушунид кард.






Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди манфиатбахши муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ҷумҳуриҳоро, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегиранд, дар сиёсати хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо аз раванди таҳкими судовари робитаҳо, аз ҷумла болоравии ҳаҷми гардиши мол ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноат карданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо инчунин мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун шарти суботи иҷтимоию сиёсии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар охири вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Узбекистон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, аз ӯ даъват ба амал овард, ки дар вақти мусоид ба Тоҷикистон ташриф орад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.