Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Тошканд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гардид. Юино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи Тошканд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Барои иштирок дар ин […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гардид.

Юино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи Тошканд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳою ҳукуматҳои  аъзо ва нозир ба пойтахти кишвари мизбон шаҳри Тошканд ташриф оварданд.

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони аввали як қатор кишварҳои аъзо ва давлатҳои нозир ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.