Кормандони милитсия се сокини ноболиғи шаҳри Душанберо аз рӯи далели авбошӣ бо истифода аз корд боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 20 июн дар маҳаллаи Калинини шаҳр шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бе ягон асос сокини 18-солаи пойтахтро лату кӯб карда, сипас бо корд дар рони пойи чапаш мезананд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа ҷавон бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мешавад.
«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се нафар ноболиғони 16-17-сола, сокинони шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд», – омадааст дар хабари вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон нисбати ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад.





