Коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон



Сарфи назар аз афзоиши талабот ба маводи сӯзишворӣ, давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон 417,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар баробари коҳиши ҳаҷми воридот, нархи сӯзишворӣ низ поин рафта, агар тӯли 5 моҳи соли гузашта арзиши 1 тонна маҳсулоти нафтӣ 570 доллари ИМА-ро ташкил медод, дар ин давраи соли равон нархи он 468 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ 79,4 ҳазор тонна бензин (28,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) бо нархи миёнаи 462 $ барои 1 тонна; 85,5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (24,3 ҳазор тонна камтар) бо нархи миёнаи 503 $ барои 1 тонна ва 16,9 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ бо нархи 746 $ барои 1 тонна ворид карда шудааст.

Аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвории дар ин давра ба Тоҷикистон воридшуда ба ҳиссаи Русия – 62%, Қазоқистон – 24% ва Турманистон – 12,6% рост меояд.

Ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон дар 5 моҳи соли равон 138 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нархи ҳар 1 тонннаш ба 453 $ баробар аст.

Қобили зикр аст, ки ҳамин ҳафта Думаи давлатии Русия

созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтиро тасдиқ кард.

Тавозуни индикативии сӯзишворӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ахири соли 2015 ба имзо расида, мутобиқи ин санад, имсол аз Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ интиқол дода мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное