Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ рӯзи 28 июн бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар умури сиёсӣ Абдулло Амлим дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, сафир ба ҳамсуҳбати худ даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро ба унвони дабири кулли СҲИ Иёдл Амин Мадин ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиш (симпозиум)-и сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои ҳадафноки «Расидан ба дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» супурд.
Қаблан Заробиддин Қосимӣ чунин даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ низ тақдим карда буд.
Ёдрас мекунем, ки Ҳамоиши сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои ҳадафноки «Расидан ба дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ созмон дода шуда, рӯзҳои 9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.





