Тӯли 5 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 603 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 2% ё худ 33,3 млн. доллар камтар аст.
Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 891,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми содироти мол давоми 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 355,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 2,8 млн. доллари ИМА ё худ 0,8 % камтар аст.
Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 1 млрд. 247,5 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 5 моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 2,8% ё худ 36,1 млн. долллари ИМА камтар мебошад.
Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (428 млн. $), Чин (409 млн. $), Қазоқистон (250 млн. $) ва Туркия (132 млн. $) дониста шудаанд.





