Сарбанди нерӯгоҳи Роғунро итолиёвиҳо месозанд

Ширкати Salini Impregilo S.p.A. ба корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон машғул хоҳад шуд. «Дар ҷаласаи навбатии рӯзи 27 июни Комиссия оид ба баргузории тендерҳо (музоядаҳо)-и байнулмилалии сохтмони иншооти НБО Роғун ширктаи итолиёвии Salini Impregilo S.p.A. миёни довталабони тендери байнулмилалии «Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун (лоти 2 – […]

ASIA-Plus



Ширкати Salini Impregilo S.p.A. ба корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон машғул хоҳад шуд.

«Дар ҷаласаи навбатии рӯзи 27 июни Комиссия оид ба баргузории тендерҳо (музоядаҳо)-и байнулмилалии сохтмони иншооти НБО Роғун ширктаи итолиёвии Salini Impregilo S.p.A. миёни довталабони тендери байнулмилалии «Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун (лоти 2 – «Сохтмони планта») ғолиб дониста шуд», – гуфта мешавад дар хабари ҶСК «НБО Роғун».

Зикр мегардад, ки Salini Impregilo S.p.A. яке аз ширкатҳои маъруфтарини ҷаҳон оид ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ маҳсуб меёбад.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун бинобар назари мухолифи ҳукуматдорони Ӯзбекистон муддати солҳои зиёд ба таъхир афтода буд. Дар Ӯзбекистон доир ба эҳтимоли рахна шудани сарбанд ҳангоми заминларза ҳарф мезананд. Аммо ташвишҳои кишвари ҳамсояро дар Тоҷикистон бепоя хонда, изҳор медоранд, ки дар кишвар дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳамин навъи сарбанд фаъолият доранд, ки устувории худ нисбати заминларзаро тӯли даҳсолаҳо собит сохтанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ корҳои ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун оғоз гардида, соли 2014 ба итмом расиданд.

Дар «Арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи НБО Роғун», ки аз ҷониби ширкатҳои «Coyne & Bellier», «Электроконсалт» ва «Energy+Water Economics» таҳия шуд, зикр мегардад, ки «майдони интихобшудаи сохтмон барои нерӯгоҳи Роғун ҳарчанд аз нигоҳи сейсмикӣ мушкил бошад ҳам, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ муносиб аст».

Коршиносони байнулмилалӣ қайд карданд, ки интихоби беҳтарин аз лиҳози фоиданокии иқтисодӣ бунёди сарбанди баландиаш 330 метр мебошад, ки ба нерӯгоҳи Роғун барои истеҳсоли то 3600 мегаватт/соат нерӯи барқ имкон медиҳад. «Дар ин сурат нерӯгоҳ 115 сол барои Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард», – қайд карданд коршиносон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.