Milliyet: Амали террористиро қирғизу доғистонӣ ва ӯзбек содир кардаанд

Нашрияи туркии Milliyet иттилоъ медиҳад , ки дар содир намудани амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул шаҳрвандони се кишвар – Қирғизистон, Доғистон (Русия) ва Ӯзбекистон даст доштаанд. Тибқи маълумоти Yeni Safak, ҳамларо зодаи Чеченистон Аҳмед Чатаев ташкил кардааст, ки соли 2013 ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастааст. Қаблан нашрияи Hurruiet хабар дода буд, […]

ASIA-Plus



Нашрияи туркии Milliyet


иттилоъ медиҳад


, ки дар содир намудани амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул шаҳрвандони се кишвар – Қирғизистон, Доғистон (Русия) ва Ӯзбекистон даст доштаанд.

Тибқи маълумоти Yeni Safak, ҳамларо зодаи Чеченистон Аҳмед Чатаев ташкил кардааст, ки соли 2013 ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастааст.

Қаблан нашрияи Hurruiet хабар дода буд, ки яке аз террористони маргталаб дар фурудгоҳ зодаи Чеченистон буда, баъзе ВАО аз ӯ Осман Вадинов ном мебаранд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия базудӣ ин маълумотро рад карда, изҳор доштанд, ки Вадинов ҳеҷ  замоне дар Чеченистон иқомат надоштааст.

Бино ба маълумоти ахири васоити ахбори умум, ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шахри Истанбул 13 нафар боздошт шудаанд.

Қаблан ҳамин нашрия

иттилоъ дода буд

, ки амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул кори дасти зодагони Тоҷикистон аст.

Баъдан ҳукумати шаҳри Истанбул ва мақомоти амнияти он эҳтимоли даст доштани зодагони Тоҷикистон дар амали террористии рӯзи 28 июн дар фурудгоҳ шаҳри Истанбулро

тасдиқ накарданд

.

Қобили зикр аст, ки бар асари амали террористии шоми 28 июн дар фурудгоҳи Истанбул 42 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Миёни афроди фавтида ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, Ироқ, Урдун, Тунис, Эрон, Ӯзбекистон ва Украина низ ҳузур доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.