Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2% кам шуд

Тӯли 5 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 603 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 2% ё худ 33,3 млн. доллар камтар аст. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 891,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми содироти мол давоми 5 […]

ASIA-Plus



Тӯли 5 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 603 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 2% ё худ 33,3 млн. доллар камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 891,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол давоми 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 355,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 2,8 млн. доллари ИМА ё худ 0,8 % камтар аст.

Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 1 млрд. 247,5 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 5 моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 2,8% ё худ 36,1 млн. долллари ИМА камтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (428 млн. $), Чин (409 млн. $), Қазоқистон (250 млн. $) ва Туркия (132 млн. $) дониста шудаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.