Эмомалӣ Раҳмон намояндагони БАТР-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро баҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти молиявӣ, ки солҳои охир зина ба зина густариш меёбад, изҳори […]

asia+, asia+



Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро баҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти молиявӣ, ки солҳои охир зина ба зина густариш меёбад, изҳори қаноат карда, ташрифи ҳайати бонуфузи бонкро омили муҳими таҳкими робитаҳо маънидод намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз таъсири манфии бӯҳронҳои сиёсиву молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳо изҳори нигаронӣ карда, доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла энергетика, рушди соҳибкорӣ, низоми бонкӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ низ баррасӣ гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки ҷалби бештари сармояи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба низоми молиявии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, дар солимгардии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт нақши мусбӣ хоҳад бозид.

Иштироки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуда, амалӣ кардани Лоиҳаи КАСА-1000 намунаи олии ин ҳамкорӣ маънидод гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.