Болоравии маошу нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон

Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа ва кумакпуливу стипендияҳо зиёд карда мешаванд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи июн фармони дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонид. Тибқи Фармони мазкур аз 1 июли соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ […]



Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон ҳаҷми маошу нафақа ва кумакпуливу стипендияҳо зиёд карда мешаванд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи июн

фармони дахлдорро дар ин хусус

ба имзо расонид.

Тибқи Фармони мазкур аз 1 июли соли 2016 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.

Аз моҳи июли соли 2016 ҳаҷми маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба андозаи 15%, кормандони соҳаи маорифу илм ва фарҳангу варзиш ба миқдори 20%, кормандони бахши иҷтимоӣ – 25%, нафақа – 20%, стипендияҳо – 30% боло бурда шуда, маоши ҳадди ақал аз 250 сомонии ҳозира то 400 сомонӣ (60%) меафзояд.

Барои амалисозии нақшаҳои зикргардида дар як сол 1 млрд. 323 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.