Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия 394 сокини вилоят ҳузур доранд.
Бино ба иттилои ӯ, тибқи маълумоти фаврӣ, 24 сокини вилоят ҳамсарон ва 44 кӯдаки ноболиғро ҳамроҳи худ ба Сурия бурда, 36 сокини вилоят дар даргириҳои Сурия кушта шудаанд.
«Нисбати 321 нафари онҳо мутобиқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 10 парванда ҷиҳати баррасӣ ба судҳо ирсол шуд ва боз 192 нафар мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», – иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки 349 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои узвият дар ҳаракату гурӯҳ ва аҳзоби ифротгаро мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, муддати 6 моҳи соли равон 130 нафар аъзои созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд.





