Барои судяҳо маҳдудияти синнусолӣ муқаррар шуд

Мутобиқи тағйирот ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо», ки имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии парлумон маъқул дониста шуд, минбаъд судяҳои Тоҷикистон зимни таъиноти аввал ба ин вазифа, бояд ба комиссияи аз ҷониби Суди олӣ таъсисдодашуда имтиҳони тахассусӣ супоранд. Ғайр аз ин, ба судяҳои ҷумҳурӣ синнусоли ба нафақа баромадан муқаррар шуд, ки барои судяҳои мард […]

Аваз Юлдошев



Мутобиқи тағйирот ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо», ки имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии парлумон маъқул дониста шуд, минбаъд судяҳои Тоҷикистон зимни таъиноти аввал ба ин вазифа, бояд ба комиссияи аз ҷониби Суди олӣ таъсисдодашуда имтиҳони тахассусӣ супоранд.

Ғайр аз ин, ба судяҳои ҷумҳурӣ синнусоли ба нафақа баромадан муқаррар шуд, ки барои судяҳои мард – 63 сол ва судяҳои зан – 58 солро ташкил медиҳад. Дар қонунгузории пешин чунин маҳдудиятҳо ҷой надоштанд.

«Ин иқдом ба ҳуқуқшиноснони ҷавону умедбахши кишвар роҳ боз мекунад», – гуфт зимни суханронӣ доир ба ин масъала узви Маҷлиси миллӣ Қаноатшо Лоиқзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.