Баррасии тағйирот ба қонун «Дар бораи иҷораи молиявӣ – лизинг» ба таъхир афтод

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз дар иҷлосияи навбатии худ бо пешниҳоди раиси палата Маҳмадсаид Убайдуллоев баррасии лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи иҷораи молиявӣ – лизинг»-ро нахуст ба рӯзномаи иҷлосия ворид намуда, сипас баррасии онро ба таъхир гузошт. Тағйирот асосан хусусияти саҳеҳкуниро дошта, аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ҳанӯз 27 май аз ҷониби палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев



Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз дар иҷлосияи навбатии худ бо пешниҳоди раиси палата Маҳмадсаид Убайдуллоев баррасии лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи иҷораи молиявӣ – лизинг»-ро нахуст ба рӯзномаи иҷлосия ворид намуда, сипас баррасии онро ба таъхир гузошт.

Тағйирот асосан хусусияти саҳеҳкуниро дошта, аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ҳанӯз 27 май аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуда буданд.

Зимни баррасии тағйироти мазкур М.Убайдуллоев дар матни он калима «сарқонун»-ро дарёфт, ки аз рӯи натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май дар ҷумҳурӣ аз матни Конститутсияи ҶТ хориҷ шуда буд.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз он изҳори норозигӣ кард, ки чӣ тавр чунин иштибоҳ то ба палатаи болоии парлумон омада расидааст, ки дар ин сатҳ иштибоҳ қобили қабул нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.