КТР: Мушкили ифтитоҳи телевизиони форсизабонон ангезаи сиёсӣ надорад

Раиси Кумитаи телевизион ва радио (КТР)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мушкили ифтитоҳи шабакаи телевизиони форсизабонон ангезаи сиёсӣ надорад. «Бо сабабҳои барои мо номаълум Афғонистону Эрон уҳдадориҳои дар ин самт ба зиммаашон вогузоршударо иҷро накарданд», – иброз дошт ӯ. Ба қавли Шоҳиён, мутобиқи созишномаи сеҷониба Тоҷикистон ба таъмини […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Кумитаи телевизион ва радио (КТР)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мушкили ифтитоҳи шабакаи телевизиони форсизабонон ангезаи сиёсӣ надорад. «Бо сабабҳои барои мо номаълум Афғонистону Эрон уҳдадориҳои дар ин самт ба зиммаашон вогузоршударо иҷро накарданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Шоҳиён, мутобиқи созишномаи сеҷониба Тоҷикистон ба таъмини бино барои фаъолияти шабака уҳдадор шуда буд. «Дар шабакаи телевизиони «Баҳористон» мо бо ин мақсад бино ҷудо кардем», – таъкид дошт Шоҳиён.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз се сол қабл Эрон барои шабакаи мазкур таҷҳизоти арзишаш 2 млн. евроро ба Тоҷикистон фиристода, вале

аз сафорати Эрон иттилоъ дода буданд

, ки таҷҳизот ба студия интиқол ёфта, вале то ҳанӯз мушкилоти пардохти боҷи гумрукӣ барои он ҳалношуда боқӣ монд.

Ин таҷҳизот муддати зиёда аз як сол дар анбори терминали гумрукии Душанбе нигаҳдорӣ шуд, зеро Эрон  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохт нашудани боҷи гумрукӣ барои ин таҷҳизотро надорад. Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои воридоти он пардохти 400 ҳазор доллари ИМА боҷи гумрукиро тақозо доштанд.

Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид дошт, ки таҷҳизоти мазкур аз лиҳози фаннӣ аллакай кӯҳна шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.

Раиси Кумита ҳамчунин ба он ишора кард, ки Афғонистон низ уҳдадориҳои худ тибқи шартномаро иҷро накардааст, ки пеш аз ҳама ба ҳалли масоили кадрӣ марбут аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2006 зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон оид ба таъсиси шабакаи телевизионии муштараки форсизабонон мувофиқа ҳосил шуд. Моҳи марти соли 2008 дар ҷараёни вохӯрии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии муштараки се кишвари форсизабон низ чунин тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин қарор шуда буд, ки студияи марказии шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.