Беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА раҳбарияти Хоҷагии манзилию коммуналиро ба боло бурдани тарифҳо ба истифодаи об водор сохт.
Муовини директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Равшан Тӯйчизода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аввали сол раҳбарияти корхона тарифҳои нав ба истифодаи обро пешниҳод карда, он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.
Ҳамин тариқ, ба қавли Тӯйчизода, аз 1 марти соли равон тарифҳои истифодаи об барои аҳолӣ ва ҳамчунин корхонаҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ ба андозаи 10% ва аз 1 июл барои корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ низ ба миқдори 10% афзуда шуданд.
«Айни замон аҳолии минтақаҳои кишвар (ХМК пойтахт аз ҷониби сохтори зертобеъи шаҳрдорӣ хизматгузорӣ мешавад) барои 1 метри мукааби об 0,83 сомонӣ (то 1 март – 0,75 сомонӣ) маблағ пардохт мекунад», – гуфт номбурда.
Болоравии тарифҳои истифодаи обро Тӯйчизода ба поинравии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА тайи соли ахир нисбат дода, қайд кард, ки барои таъмиру барқарор сохтани низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ воситаҳои қарзии ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА ҷалб шудааст, ки онро баргардонидан зарур аст.
Муовини роҳбари корхона таъкид дошт, ки қурби сомонӣ нисбати доллар, ки дар созишномаҳои ҷалби ин воситаҳо зикр шудааст, аз қурби ҳозира ба таври назаррас фарқ мекунад ва замоне, ки қарзи аввали БАТР дастрас шуд, яъне аз соли 2012 қурби сомонӣ нисбати доллар беш аз 70% поин рафт. «Бо ин сабаб ва дигар мушкилоти молии корхона, мо маҷбур шудем, ки тарифҳо ба истифодаи обро боло барем», – афзуд Равшан Тӯйчизода.





