Аз 18-уми июли соли ҷорӣ ҶСП “Спитамен Бонк” қарзҳоро бо фоизҳои нави паст кардашуда пешниҳод мекунад.
Тавре муовини аввали раиси Раёсати “Спитамен Бонк” Умедҷон Ҳикматов хабар дод, пастшавии фоизҳо бо мақсади дастгирии мизоҷон дар давраи душвори иқтисодӣ амалӣ шудааст.
Принсипҳои кории Бонк дар барпосозии равобити дарозмуддату шарикона бо мизоҷон асос мегиранд. Маҳз бинобар ин Бонк қарор додааст, то меъёрҳои фоизӣ дар замоне, ки мизоҷон бештар ба он ҳоҷатманданд, паст карда шаванд.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси Раёсати бонк, қисми бештари мизоҷони муассиса субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд, ки маҳз онҳо дар тамоми дунё пешбари иқтисодиёт ба ҳисоб мераванд ва Тоҷикистон низ истисно нест.
«Роҳбарияти Бонк самимона бар он аст, ки маҳз бо корҳои амалӣ, монанди зиёд кардани имкониятҳои субъектҳои соҳибкорӣ нисбати манбаъҳои дастраси қарзӣ ва маблағгузорӣ, ба устуворӣ ва бузургшавии потенсиали соҳибкории мамлакат расидан мумкин аст.
ҶСП “Спитамен Бонк” дар оянда низ барои боз ҳам бештар баландгардонии сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар кардани шароитҳои маҳсулоти бонкӣ кӯшиш мекунад», – изҳор дошт Умедҷон Ҳикматов.





