Се нафар кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешаванд.
Муовини сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Суҳроб Саломов дар ин робита иттилоъ дод, ки се нафар кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор барои лату кӯби яке аз боздоштшудагон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, айни замон дар боздоштгоҳи тафтишотӣ қарор доранд.
«Кормандони милитсия ба гумони баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ боздошт шуда, нисбати онҳо мутобиқи моддаи «шиканҷа» парванда боз намешавад», – гуфт номбурда, вале аз ифшои ному насаби гумонбаршудагон худдорӣ варзида, танҳо қайд кард, ки тафтишот аз рӯи ин парванда идома дорад.
Зимнан зикр гардид, ки аз оғози соли равон аз ҷониби 7 корманди милитсияи вилояти Хатлон 5 ҷиноят содир шудааст.





