Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ баргузор мешавад;

– Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад;

– Дар бинои «Тоҷикматлубот» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8680

сомонӣ;


1

евро –

8.6957

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1215

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1983 —

Дар пойгоҳи антарктикии «Восток» ҳарорати пасттарин дар сайёра – 89,2 дараҷа сардӣ ба қайд гирифта шуд.


1994

– Қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» қабул шуд.


2011

— Палатаи болоии парлумон қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуд.


2012

— Дар шарқи Тоҷикистон сардори Раёсати КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал-майор Абдулло Назаров кушта шуд.


1932-1996

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.


1934

– Мавлуди коргардони кино Анвар Тӯраев.


1963

– Зодрӯзи нависанда Сиёвуш.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+23, рӯзона +39+41.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.

spot_imgspot_img

Популярное