Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврасу ҷавон»



Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои  «Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» тасмим гирифтааст, ки  дар моҳи октябри соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро баргузор намояд.

Мақсади асосии баргузор намудани Озмун, ин  дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин  дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманде, ки дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ буда  ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ  шавқу рағбат доранд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ки қаблан то санаи  5 июли соли 2016 муқаррар карда шуда буд аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмун то санаи 25 сентябри соли 2016 тамдид карда шуд..

Иштирокчиён ва ғолибони Озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки лоиҳаҳои ҷойҳои намоёнро ишғолнамуда ва муҳим дар сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ ва дигар сомонаҳои дахлдор, ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани он ҷойгир карда мешаванд.

Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ карда мешаванд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

-ариза ба номи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– синну соли иштирокчӣ аз 14 то 30 сола;

– нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома;

– тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ (бо нишон додани суроға ва телефонҳо);

– маълумот оид ба лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (дар якҷоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар маводҳо дар шакли матн) ба ғайр аз барномаҳои компютерӣ;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи 5 май то 5 июли соли 2016 муқаррар карда шудааст.

Телефонҳо барои тамос: 2222153, 989024444, 919330255

Почтаи электронӣ:

[email protected]

Нишонии Кумитаи тадорукоти озмун: 734042, ш. Душанбе, к.Айнӣ 14а, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

spot_imgspot_img

Популярное