Тасдиқи номзадии Ҳилларӣ Клинтон ба мансаби президенти ИМА



Дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба сифати номзади расмии ин ҳизб ба мансаби раисҷумҳури ИМА тасдиқ шуд.

Хабаргузории 

РБК

дар ин робита менависад, дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА, ки дар Филаделфия ҷараёни дорад, Ҳилларӣ Клинтон ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА расман тасдиқ шуда, 2821 раъйи вакилонро ба даст овардааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори овозҳои зарурӣ 2383 раъйро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ин маротибаи дуюм аст, ки аз яке аз ҳизбҳои низомсози ИМА номзадии зан ба ин мансаб тасдиқ мешавад.

Маъракаи пешазинтихоботӣ  дар ИМА санаи 8 ноябр бо раъйдиҳии умумӣ ба итмом мерасад. Дар ин маърака Ҳилларӣ Клинтон бо намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп рақобат мекунад, ки ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА

расман тасдиқ шуда буд

.

Бино ба маълумоти Reuters, назарсанҷиҳои афкори умум, ки ҳафтаи ахир доир гардиданд, аз бартарияти Клинтон бар Трамп шаҳодат медоданд, вале натиҷаи назарсанҷии рӯзи сешанбе нишон додааст, ки Трамп нисбати Клинтон 2% бартарӣ доштааст. 

spot_imgspot_img

Популярное