ВКД: Боздошти Аҳмедова ба дигар ҳодисаҳои кӯдакрабоӣ марбут нест

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ ба хулосае расидааст, ки сокини 48-солаи пойтахт Матлуба Аҳмедова ба дузди Ф.Б.-и 7-сола дар заминаи хусумати шахсӣ нисбати модари кӯдак гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , ҳарду зан – гумонбаршуда ва модари духтарча Фарангис Бадалова дар як маркази масҳкунӣ яке роҳбару дигарӣ мудири […]

Радиои Озодӣ



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ ба хулосае расидааст, ки сокини 48-солаи пойтахт Матлуба Аҳмедова ба дузди Ф.Б.-и 7-сола дар заминаи хусумати шахсӣ нисбати модари кӯдак гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, ҳарду зан – гумонбаршуда ва модари духтарча Фарангис Бадалова дар як маркази масҳкунӣ яке роҳбару дигарӣ мудири марказ кор мекардаанд.

Дар як ҳодиса вақте сейф ё сандуқи пулҳои Матлуба Аҳмедова гум шудааст, Аҳмедова ба Фарангис Бадалова, модари тифл таҳдид карда гуфтааст, ки духтарашро нобуд мекунад.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазрати корҳои дохилии Тоҷикистон рузи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби Матлуба Аҳмедова ба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ рабт дорад.

Вай гуфтааст, ин зан ва ин ҳодиса ба ҳодисаҳои дигари нопадид шудани ноболиғон дар гузашта рабт надорад, вале, ба қавли ӯ, ҳоло тафтишот идома дорад ва Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) хулосаҳои худро натиҷагирӣ накарда, ин хулосаҳо дар натиҷаи тафтишоти аввалияи қазияи боздошти Аҳмедова ба даст омадааст.

Фарангис Бадалова, модари навраси рӯзи 20 июл рабудашуда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рузи 17 июл, яъне як моҳ баъди гум шудани сейф аз маркази масҳи зери раҳбарии Матлуба Аҳмедова, ин зан ба вай занг зада ба забони русӣ таҳдид кардаст. Бадалова иддао дорад, ки Аҳмедова занг зада ба ӯ гуфтааст: “ман туро ва духтаратро нобуд мекунам”. Ман пурсидам, ки “ин таҳдид аст?”, вай дар ҷавоб гуфт, ки “ин огоҳӣ аст”.

Аз рӯи иттилои Бадалова, дар дохили сандуқ як миқдор пул ва санадҳои Аҳмедова нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзи 16 июн сандуқи пули марбут ба Аҳмедова аз ин маркази масҳ нопадид шуд ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Бадаловаро ҳамчун гумонбари аслӣ ба бозпурсӣ даъват карда аз соати 9 субҳ то 9 шом ба ӯ саволҳо додааст. Ба қавли Бадалова, баъди он ки полис ба бегуноҳии ӯ бовар карда ӯро дигар дар ин қазия “гумонбар” арзёбӣ накард, 17 июл Матлуба ба ӯ занг зада нахуст таҳдид ва рӯзи 20 июл дуздии духтарчаашро ташкил кард.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Имрӯз-Нюс” рӯзи 26 июл навишт, ки Кароматулло Маҷидов, нафаре, ки гуфта мешавад, дар ин гурӯҳи сенафара гӯё нақши таксиронро иҷро мекард, дар асл сабабгори фош шудани ҷиноят шудааст. Маҷидов дар баробари кор дар ВКД Тоҷикистон, гоҳ-гоҳ ба ҳайси ронандаи таксӣ ҳам кор мекардааст. Маҷидов гуфтааст, ки бо сабаби доштани қарзи бонкӣ дар вақтҳои холӣ таксиронӣ мекунад ва ҳамин кор ҳам сабаб шуд, ки ду сол пеш бо Аҳмедова шинос шуд.

Маҷидов, аз рӯи арзёбиҳои тафтишоти муқаддамотӣ, рӯзе аз Аҳмедова супориш мегирад, ки духтарчаи ҳафтсолаеро, ки аксашро ҳам ба ӯ ин зан нишон додааст, аз минтақаи “Садбарг” гирифта, то ба маҳаллаи “Зарафшон” биёрад. “Бар ивази ин ба ронанда 2000 доллар пул ваъда шудааст”. Маҷидов, ба қавли полис, ниятҳои ҷиноятпешаи ин занро пай бурда, сари вақт ба раҳбарияти худ дар вазорат ин ҳодисаро нақл кард ва баъдан худ, ба ҳайси иҷрокунандаи супориши Аҳмедова, вале дар асл ходими милиса, дар боздошти ин зан ширкат кардааст.

Аз дигар ҷузъиёти ин масъала маълумот дода нашудааст, вале қобили зикр аст, ки рӯзи 25 июл дар фазои иттилоотии кишвар дар бораи боздошти як гурӯҳи одамраборён дар пойтахт

хабари пурҳангома

мунташир шуд.

Зикр гардида буд, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиеро ошкор ва боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар қазияи 

Сабина ва Малика Араловаи

 5-сола – апаву хоҳаре, ки моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд, даст доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова