БМТ қурби устувори долларро ваъда медиҳад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ният дорад, ки сиёсати боз ҳам бештари шадиди пуливу қарзиро барои нигаҳдошти қурби устувори доллари ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ намояд. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки нисбати қурбҳои асъор Бонки миллӣ нимаи моҳи июл пешгӯиҳои худро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ният дорад, ки сиёсати боз ҳам бештари шадиди пуливу қарзиро барои нигаҳдошти қурби устувори доллари ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки нисбати қурбҳои асъор Бонки миллӣ нимаи моҳи июл пешгӯиҳои худро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод кардааст.

«Пешгӯии мо хушбинона нест, қурби доллар ба гумони ғолиб поин намеравад ва мо кӯшиш мекунем, ки онро дар сатҳи ҳозира – 1 $ = 7,86 сомонӣ нигоҳ дорем. Барои ин мо захираҳо дорем, вале онро истифода намекунем. Ташкилотҳои қарзӣ захираҳои асъори худро доранд ва саривақт воридотро маблағгузорӣ мекунанд. Он бесарусомоние, ки аввали сол вуҷуд дошт, аллакай вуҷуд надорад», – иброз дошт ӯ.

Нурмаҳмадзода аз намояндагони ВАО ва иқтисодчиён даъват кард, ки дар шарҳи масоили марбут ба қурби асъор ва пешгӯиҳо эҳтиёткор бошанд, зеро ин яке аз омилҳоест, ки ба бесарусомонии вазъ дар бозори асъор боис мегардад.

Ба гуфтаи раиси БМТ, қурби мубодилаи сомонӣ бо назардошти қабули чораҳои таъсиррасон, ки ба таъмини устувории бозори дохилии асъор нигаронида шудаанд, таҳким ёфта, дар навбати худ барои тағйири устувори сатҳи нархҳо замина гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.