Тасдиқи номзадии Ҳилларӣ Клинтон ба мансаби президенти ИМА

Дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба сифати номзади расмии ин ҳизб ба мансаби раисҷумҳури ИМА тасдиқ шуд. Хабаргузории  РБК дар ин робита менависад, дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА, ки дар Филаделфия ҷараёни дорад, Ҳилларӣ Клинтон ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА расман тасдиқ шуда, 2821 раъйи вакилонро ба даст овардааст ва ин ҳам […]



Дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба сифати номзади расмии ин ҳизб ба мансаби раисҷумҳури ИМА тасдиқ шуд.

Хабаргузории 

РБК

дар ин робита менависад, дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА, ки дар Филаделфия ҷараёни дорад, Ҳилларӣ Клинтон ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА расман тасдиқ шуда, 2821 раъйи вакилонро ба даст овардааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори овозҳои зарурӣ 2383 раъйро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ин маротибаи дуюм аст, ки аз яке аз ҳизбҳои низомсози ИМА номзадии зан ба ин мансаб тасдиқ мешавад.

Маъракаи пешазинтихоботӣ  дар ИМА санаи 8 ноябр бо раъйдиҳии умумӣ ба итмом мерасад. Дар ин маърака Ҳилларӣ Клинтон бо намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп рақобат мекунад, ки ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА

расман тасдиқ шуда буд

.

Бино ба маълумоти Reuters, назарсанҷиҳои афкори умум, ки ҳафтаи ахир доир гардиданд, аз бартарияти Клинтон бар Трамп шаҳодат медоданд, вале натиҷаи назарсанҷии рӯзи сешанбе нишон додааст, ки Трамп нисбати Клинтон 2% бартарӣ доштааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.