Ҳарифони футболбозони навраси тоҷик маълум шуданд

Ҳарифони мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 8 то 13 август дар Чимкент доир мегардад, маълум шуданд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, аз рӯйи натиҷаҳои қуръакашӣ тими Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил гардида, бо ҳамсолони худ аз Русия (8 август), Озарбойҷон (9 август) ва Эрон (11 август) […]



Ҳарифони мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 8 то 13 август дар Чимкент доир мегардад, маълум шуданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, аз рӯйи натиҷаҳои қуръакашӣ тими Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил гардида, бо ҳамсолони худ аз Русия (8 август), Озарбойҷон (9 август) ва Эрон (11 август) қувваозмоӣ мекунад.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва тими «Крузейро» (аз Қазоқистон) бо ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии финалӣ, дастаҳои зинаи дуюмро ишғолкарда барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа, тимҳои зинаи сеюм барои ишғоли ҷойи панҷум ва дастаҳои ноком дар даври гурӯҳӣ барои дарёфти ҷойи ҳафтум бозӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон муддати 9 сол аст, ки пайдарпай баргузор мешавад. Қаблан мусобиқа дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато гузаронида мешуд.

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқа бо Ҷом ва 10 ҳазор доллар, дастаи зинаи дуюм – бо 6 ҳазор доллар ва дастаи мақоми сеюм – бо 4 ҳазор доллари ИМА қадрдонӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.