Иштироки президент дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати нави […]



Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани

хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия

иштирок кард.

Хати нави оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардида барои беҳтар намудани ҳолати таъмини оби нӯшокии марказ ва зиёда аз 20 деҳаи ноҳия пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 16 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар маркази ноҳияи Эмомалӣ Раҳмон

бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро

мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маблағи умумии бунёди бинои Шуъбаи маориф, ки аз 3 ошёна иборат аст, дар маҷмуъ 2 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби буҷаи ноҳия 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сарвари давлат ҳамчунин

бинои нави Нозироти андози ноҳияро

расман ифтитоҳ намуд. 

Бинои нав аз ду ошёна ва 8 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст, таҳхона, ошхона ва идораи бойгонӣ иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст. Бинои нозирот бо муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошад.

Дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Эмомалӣ Раҳмон

бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ

ва дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия шинос шуд. Сарвари давлат зимни боздид аз ин хоҷагӣ иброз дошт, ки заминҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳосилхезанд ва ҳар як ваҷаби он бояд самаранок истифода шавад. Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Дилшоди Шариф” шинос гардид.

Пас аз шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар ҳамин ҷо ҳамзамон намоиши дастовардҳои деҳқонони ноҳия баргузор гардида, Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳи дастранҷи меҳнаткашон ба онҳо барору комёбӣ ва дар кори пуршарафи ризқофарӣ комёбиҳо орзу намуд.

Дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия Эмомалӣ Раҳмон

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро

барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуд. Барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар мактаби нав 23 синфхонаи барҳаво, лабаратория, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, толори маҷлис бо 260 ҷойи нишаст, толори варзиш ва ошхона бо 200 ҷой муҳайё гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.