Коҳиши нишондиҳандаи миёнаи интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон



Аз моҳи ноябри соли гузашта нишондиҳандаи миёнаи интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон тақрибан 332 сомонӣ кам шудааст.

«Нишондиҳандаи миёнаи воқеъии интиқоли маблағҳо дар муқоиса бо моҳи ноябр, ки дар он вақт баланд буда, ҳудуди 1180 сомониро ташкил медод, тақрибан то ба 848 сомонӣ коҳиш ёфт, ҳарчанд шурӯъ аз моҳи январ каме боло рафт», – гуфта мешавад дар таҳқиқоти нави некӯаҳволии хонаводаҳои Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони

«Гӯш додан ба Тоҷикистон»

» (Listening to Tajikistan).

Дар гузориш қайд мешавад, ки коҳиш бештар дар шаҳрҳо, ки дар онҳо ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ зиёдтар ба тағийрот осебпазиранд, ба мушоҳида расида, дар деҳот ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ нисбатан устувор боқӣ мондаанд.

Таъкид мешавад, ки моҳи апрел коҳиши шумори муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд ва ҳамчунин шумори муҳоҷирони феълан дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта идома ёфт.

Ғайр аз ин, аз моҳи августи соли гузашта ҳиссаи муҳоҷироне, ки нисбат ба дигар кишварҳо ба Русия афзалият медиҳанд, ба нишондиҳандаи баланди пешина дар сатҳи 92-94% наздик шудааст. «Аз моҳи сентябр то моҳи январ ҳиссаи муҳоҷироне, ки хоҳиши сафар ба Қазоқистонро доранд, ба таври қобили мулоҳиза кам шуда, дар сатҳи 3-5% қарор гирифт», – таъкид месозанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2015 тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон 22,1% кам шудааст.

Бо ишора ба махфӣ будани ин маълумот раиси Бонки миллӣ рақами мушаххаси ҳаҷми интиқоли маблағҳо бо доллари ИМА-ро зикр накарда, лекин иттилоъ дод, ки интиқоли маблағҳо бо рубли русӣ 67 млрд.-ро ташкил додааст.

Бо қурби ҷории доллари ИМа нисбат ба рубл ин маблағ ба 1 млрд. 33 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз рӯи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли гузашта ин нишондиҳанда 1 млрд. 162 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное