Таъини сухангӯи нав дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода



Сарлейтенант Умеда Юсуфова котиби матбуотии нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КҲФ ва МГ ҶТ иттилоъ дод, то таъин шудан ба ин вазифа Умеда Юсуфова ба ҳайси афсари калони маркази матбуотии Кумита фаъолият доштааст.

Номбурда ҳамчунин қаблан дар хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва ба сифати хабарнигор дар ширкати телевизиони «Мир» кор кардааст.

Собиқи сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ майор Ориф Нозимов дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта, баъди ба охир расидани рухсатӣ ба вазифаи нав дар Кумита таъин мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное