Боздошти сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони қатли ҳамсояаш

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштор сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола муноқиша намуда,  бо бели дар дасташ ба сари ҳамсояаш як маротиба задааст. «Бар асари ин зарба ҳамсояаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштор сокини 73-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола муноқиша намуда,  бо бели дар дасташ ба сари ҳамсояаш як маротиба задааст.

«Бар асари ин зарба ҳамсояаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе А.Б, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (дуздӣ) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, Н.Ш., зани 28-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро ба қатл расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.