Таъини сухангӯи нав дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Сарлейтенант Умеда Юсуфова котиби матбуотии нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КҲФ ва МГ ҶТ иттилоъ дод, то таъин шудан ба ин вазифа Умеда Юсуфова ба ҳайси афсари калони маркази матбуотии Кумита фаъолият доштааст. Номбурда ҳамчунин қаблан дар хадамоти матбуоти […]



Сарлейтенант Умеда Юсуфова котиби матбуотии нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КҲФ ва МГ ҶТ иттилоъ дод, то таъин шудан ба ин вазифа Умеда Юсуфова ба ҳайси афсари калони маркази матбуотии Кумита фаъолият доштааст.

Номбурда ҳамчунин қаблан дар хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва ба сифати хабарнигор дар ширкати телевизиони «Мир» кор кардааст.

Собиқи сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ майор Ориф Нозимов дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта, баъди ба охир расидани рухсатӣ ба вазифаи нав дар Кумита таъин мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.