Пешгирии фурӯши симоб дар ҷануби ҷумҳурӣ

Кормандони Раёсати Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фурӯши як миқдор симобро пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа сокини маҳаллӣ боздошт шудааст, ки як миқдор симоб бо вазни умумии 954 граммро фурӯхтанӣ будааст. Гуфта мешавад, ҳангоми пурсиш маълум гардидааст, ки боздоштшуда маводи хатарнок барои муҳити зистро […]



Кормандони Раёсати Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фурӯши як миқдор симобро пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа сокини маҳаллӣ боздошт шудааст, ки як миқдор симоб бо вазни умумии 954 граммро фурӯхтанӣ будааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми пурсиш маълум гардидааст, ки боздоштшуда маводи хатарнок барои муҳити зистро аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастрас намуда, азм доштаанд, ки онро ба маблағи 15 000 доллари амрикоӣ ба фурӯш бароранд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур дар прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.