Қарзи «Барқи тоҷик» қариб ба 12 млрд. сомонӣ расид

Ҳаҷми қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» қариб ба 12 млрд. сомонӣ расида, 10 млрд. сомонӣ аз он ба қарз назди Вазорати молия рост меояд, ки барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ҷалб шудаанд. Сардори Сарааёсати молияи ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ин қарзҳо дарозмуҳлат буда, муҳлати пардохташон 25 […]



Ҳаҷми қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» қариб ба 12 млрд. сомонӣ расида, 10 млрд. сомонӣ аз он ба қарз назди Вазорати молия рост меояд, ки барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ҷалб шудаанд.

Сардори Сарааёсати молияи ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ин қарзҳо дарозмуҳлат буда, муҳлати пардохташон 25 солро ташкил медиҳад ва масъалаи бозбинӣ (реструктуризатсия)-и онҳо айни замон дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи Р.Маҷидов, ҳаҷми умумиии қарзҳои кӯтоҳмуҳлати ширкат ба ҳудуди 2 млрд. сомонӣ расида, шират аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» – 627,2 млн. ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» –  наздики 410 млн. сомонӣ қарздор аст.

«Пардохти қарзҳо ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мувофиқи ҷадвали баимзорасида амалӣ шуда, давоми нимсолаи аввал дар ҳаҷми 103,5 млн. сомонӣ қарзи ин нерӯгоҳ пардохта шуд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҷиҳати бозбинии қарзҳо назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ширкат ба ҷониби Эрон муроҷиат карда, ин масъала рӯзҳои наздик дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.