Ҳоҷӣ Ҳалим ба бонкҳо 350 ҳазор $ қарздор будааст



Собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз ду бонки Тоҷикистон ҳудуди 350 ҳазор доллари ИМА қарздор будааст.

Раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бар асоси номаи Прокуратураи генералӣ, Палата масъалаи қарзҳои Ҳоҷӣ Ҳалим назди «Амонатбонк» ва бонки тиҷоратии «Тоҷиксодиротбонк»-ро мавриди санҷиш қарор додааст.

«Аз рӯи натиҷаи ин санҷишҳо муйян карда шуд, ки қарзи А.Назарзода назди БДА «Амонатбонк» 150 ҳазор доллари ИМА ва назди ҶСК «Тоҷиксодиотбонк» – 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки маводи аз рӯи ин санҷишҳо таҳияшуда ба баррасии Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ фиристода шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное