Туркия узви «Гурӯҳи 24»-ро ба Тоҷикистон истирдод мекунад

Ҳукуматдорони Тоҷикистону Туркия ҷиҳати истирдоди узви созмони фаъолияташ мамнӯи «Гурӯҳи 24» Абдурашид Ҳамидов ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқи « Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода мешавад. Тибқи ин маълумот, Ҳамидов аз 15 апрели соли 2016 дар ҳабс қарор дошта, имрӯз, 5 август ҳамаи ҳуҷчатҳояш барои […]

ASIA-Plus



Ҳукуматдорони Тоҷикистону Туркия ҷиҳати истирдоди узви созмони фаъолияташ мамнӯи «Гурӯҳи 24» Абдурашид Ҳамидов ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқи «


Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ»


хабар дода мешавад.

Тибқи ин маълумот, Ҳамидов аз 15 апрели соли 2016 дар ҳабс қарор дошта, имрӯз, 5 август ҳамаи ҳуҷчатҳояш барои истирдод ба Тоҷикистон омода шудаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон  Абдурашид Ҳамидов барои фаъолияти мухолифӣ нисбати давлат ҳамчунин узви «Гурӯҳи 24» таъқиб мешавад. Ӯ шахси боэътимоди пешвои «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов буд, ки 5 марти соли 2015 дар Истамбул кушта шуд. Санаи 19 декабри соли 2014 Ҳамидов ҳамроҳ бо Қувватов ба ҳабс гирифта шуда, вале баъдан раҳо гардид.

Соли 2014 Суди олии Тоҷикистон созмони «Гурӯҳи 24»-ро барои изҳороти зиддиҳукуматии фаъолони он ифротгаро эълон кард. Соли 2015 Ҳамидов барои ҳимояи байнулмилалӣ ба дафтари намояндагии Раёсати Комиссари олӣ оид ба умури паноҳандагони СММ дар Анқара муроҷиат кард.

Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқ қайд мекунад, ки Тоҷикистон Ҳамидовро аз рӯи ангезахои сиёсӣ таъқиб мекунад.

Ассотсиатсияи ҳомии ҳуқуқи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз Туркия даъват кардааст, ки истирдоди Абдурашид Ҳамидовро боздорад ва аз ин қазия гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа, Комиссари олӣ оид ба умури паноҳандагон, созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ «Афви Байнулмилалӣ», HRW, Кумитаи хелсинкигии Норвегия – NHC, Шарикии байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон – IPHR ва ВАО-ро огоҳ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.