Ҳоҷӣ Ҳалим ба бонкҳо 350 ҳазор $ қарздор будааст

Собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз ду бонки Тоҷикистон ҳудуди 350 ҳазор доллари ИМА қарздор будааст. Раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бар асоси номаи Прокуратураи генералӣ, Палата масъалаи қарзҳои Ҳоҷӣ Ҳалим назди «Амонатбонк» ва бонки тиҷоратии «Тоҷиксодиротбонк»-ро мавриди санҷиш қарор […]

Пайрав Чоршанбиев



Собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз ду бонки Тоҷикистон ҳудуди 350 ҳазор доллари ИМА қарздор будааст.

Раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бар асоси номаи Прокуратураи генералӣ, Палата масъалаи қарзҳои Ҳоҷӣ Ҳалим назди «Амонатбонк» ва бонки тиҷоратии «Тоҷиксодиротбонк»-ро мавриди санҷиш қарор додааст.

«Аз рӯи натиҷаи ин санҷишҳо муйян карда шуд, ки қарзи А.Назарзода назди БДА «Амонатбонк» 150 ҳазор доллари ИМА ва назди ҶСК «Тоҷиксодиотбонк» – 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки маводи аз рӯи ин санҷишҳо таҳияшуда ба баррасии Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ фиристода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.