Қатъи интиқоли об ба чанде аз маҳаллаҳои Душанбе

Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро аз қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз маҳаллаҳои шаҳр рӯзҳои 10 ва 17 август огоҳ мекунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминукунӣ дар кӯчаи Гагарини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз соати 08:00-и рӯзи 10 август то соати 08:00-и […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро аз қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз маҳаллаҳои шаҳр рӯзҳои 10 ва 17 август огоҳ мекунад.

Бино ба

маълумоти

дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминукунӣ дар кӯчаи Гагарини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз соати 08:00-и рӯзи 10 август то соати 08:00-и рӯзи 11 август интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва Навободи поён, Буни Ҳисорак, Лучоби боло ва Лучоби поён, Қазоқон, Испечак 1, 2, 3, Ҳаёти нав, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон-1, Зарафшон-2 ва гузари Муҳандис муддати 1 шабонарӯз муваққатан қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 17 ва 18 август қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Фирӯз, С.Ғанӣ, Варзоб-ГЭС-и поён, Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Ғ.Абдулло), биноҳои беморхонаи ҳукуматӣ, беморхонаи №5, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии боғи марказии ботаникии «Ирам» дар назар дошта шудааст.

Аз сокинони кӯчаҳою маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда шудааст, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Ҳамчунин  раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори КВД «Обу корези Душанбе» муваззаф шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.