Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи бинои нави шуъбаи КДАМ дар Роғун

Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои нав барои мақомоти амнияти миллӣ дар шаҳраки  Оби Гарм  бо тарҳу услуби хос барои сохторҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани

бинои нави

шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои нав барои мақомоти амнияти миллӣ дар шаҳраки  Оби Гарм  бо тарҳу услуби хос барои сохторҳои қудратӣ бунёд шуда дорои шароити хуби корӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин барои кормандони мақомоти амният шароити созгори истиқомат ва истироҳату табобат фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон дар макони бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун Эмомалӣ Раҳмон аз

даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм

боздид намуд. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм аз бузургтарин иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад. Он ҳамчун нақби обпарто барои танзими оби обанбори неругоҳ истифода мешавад. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба мисли ду дарвозаи бузург аст, ки дар маҷмуъ 32 метр паҳноӣ, 30 метр баландӣ ва 34 метр дарозӣ дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот дар вохурӣ бо сохтмончиён ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати болоии камераи дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ ва шахтаи моилии нақби сохтмони СТ-3 шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки камераи дарвозаи мазкур дар қисмати пеши нақби обпартои садамавӣ ҷойгир буда, дар ҳолатҳои зарӯрӣ барои пешгирии фишори об хизмат мерасонад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи коргарону муҳандисони ин минтақаи сохтмонӣ суҳбат намуда, онҳо ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.