Рақибони аввали Анвару Комроншоҳ дар Олипиадаи Рио муайян шуданд

Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷун Шанбарои Анвар Юнусов ошност. […]

ASIA-Plus



Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд,

рақиби муштзани тоҷик Анвар Юнусов

дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷун Шанбарои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфта буд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.

Қувваозмоии ҳарду дар Олимпиадаи Рио бегоҳи 6-уми август соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 1-и шаби 7-уми август ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ҳамчунин

рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён

дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограмм низ муайян шуд, ки варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.

Варлам Липартелиани паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, соли 2015-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Вай қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) мебошад. Ӯ дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷойи сеюм аст.

Қувваозмоии Комроншоҳ ва Варлам дар Олимпиадаи Рио рӯзи 10-уми август соати 10-и пагоҳӣ ба вақти маҳаллӣ ва соати 18-и бегоҳӣ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.