Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шуҳрат Партоевро барои ҷонибдории ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва омӯхтани дарсҳои равияи динии ифротгаро (экстремистӣ)-и «Салафия» ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ба «Азия-Плюс»» Фирӯз Султонзода, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, Шуҳрат Партоев бар асоси қисми дуюми моддаи 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ))-и КҶ Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Шуҳрат Партоев соли 2010 аз сомонаи интернетӣ таълимоти равияи «Салафия»-ро омӯхта, онро дуруст мешуморад ва ҳамчун аъзои ин равия бо мақсади паҳн намудани афкори он, тариқи телефони мобилӣ ба сомонаи интернетии барномаи иҷтимоии “Вотсап” (WhatsApp) даромада, ба гурӯҳи “ Ҳикмат-14”, ки дар он аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ «Устод Назратулло” ном шахси ба тафтишот номаълум дарс мегузарад, аъзо шудааст.
«Баъди аъзо шудан ба ин гурӯҳ аз барномаи иҷтимоии «Вотсап» бо мақсади омӯхтан дарсҳои равияи экстремистии динии “Салафия”-ро дар хотираи телефони мобилии худ сабт ва он дарсҳоро азхуд карда, тарзу услуби намозгузории равияи динии “Салафия”-ро қабул мекунад», – гуфт Ф. Султонзода.
Зимнан зикр гардид, ки Шуҳрат бо ҳамин бартарии ақидаи равияи “Салафия”-ро нисбат ба таълимотҳои мазҳаби суннатии дини Ислом, ки ҳазорсолаҳо аз ҷониби мусулмонони Тоҷикистон устувор гардидаанд, мухолиф гузошта, ба ташвиқу тарғиб ва пайравии таълимоти “Салафия” пардохтааст.
Қобили зикр аст, ки равияи динии «Салафия» дар асоси ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз санаи 08- уми декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаро) эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ аст.





